- гӯша
- [گوشه]1. кунҷ, зовия; канор, канора, нӯги ҷое ё чизе: гӯшаи биёбон, гӯшаи хона, гӯшаи холӣ; гӯшаи чашм а) кунҷ ё қирраи чашм; б) киноя аз нигоҳи номаълумона; гӯшаву канор ҳама тараф, ҳама ҷо; ҷоҳои дуру наздик2. ҷои хилват, ҷои аз назари мардум дур; гӯша гирифтан гӯшанишин шудан, хилват гузидан, худро ба канор гирифтан3. гӯшпӯшонаки телпак, гӯшак◊ гӯшаи саломат ҷои аз бало дури осуда, ҷои амн; ба гӯшаи нокомӣ афтодан бекасу танҳо дар яъсу навмедӣ ва маҳрумият зиндагӣ кардан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.